Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифоъ: "Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад"


Даъвати ҷавонон ба артиш. Акс аз бойгонӣ
Даъвати ҷавонон ба артиш. Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи тирамоҳии бурдани ҷавонон ба артиш пурра иҷро шудааст, вале даъвати онҳо ба комиссариатҳои ҳарбӣ давоми сол идома хоҳад кард.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси қонуни нави хидмати ҳарбӣ, бо қарори раисони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо, даъвати ҷавонон то мавсими дигар идома меёбад."

Сухангӯи вазорат дар идома афзуд, ҷавонони синни даъватӣ новобаста аз он, ки донишҷӯянд ё аз хориҷа бармегарданд, давоми сол барои пурра кардани ҳуҷҷатҳояшон ба комиссариати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Имсол тибқи қонуни нав ҳамчунин хизмати алтернативӣ ҳам пешниҳод шуд, ки бо пардохти маблағ ҷавонон аз хизмат озод мешаванд. Аммо мақомот то ба ҳол эълон накардаанд, ки чӣ қадар ҷавонон бо ин роҳ аз хизмат озод шуданд.

Бо вуҷуди қабули қонун дар бораи хидмати алтернативӣ, ки бо супурдани маблағ ҷавононро аз уҳдадории ҳарбӣ озод мекард, имсол низ шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё "облава" зиёд буд.

Мақомот аз он нигаронанд, ки баъзе аз ҷавонон бо ҳар баҳона аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ далелашро ба вазъи нохуби қисмҳои ҳарбӣ ва зарбу лати наваскарон дар онҷо пайванд медиҳанд.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиши Тоҷикистон даъват мекунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиш якуми октябр сар шуда, якуми декабр ба анҷом мерасад. Мавсимии баҳории даъват ба артиш аз аввали моҳи апрел то охири моҳи май идома мекунад.

XS
SM
MD
LG