Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: "Чӣ бояд кард, то "облава" аз байн биравад?"ВИДЕО


Мавсими тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба поён расид, вале вазорати мудофиа гуфт, ки бар асоси Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки моҳи январ нусхаи ислоҳшудаи он қабул шуд, даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар тамоми сол идома мекунад.

Зоҳиран шарҳи номукаммали қонуни қабулшуда аз тарафи вазорат дар матбуоти расмӣ дар охири моҳи ноябр сару садои зиёдеро барангехт, ки мумкин аст, дигар тамоми сол ҷавононро ба артиш баранд. Масалан аз роҳи облава ва ё доштани ҷавонон аз кӯчаву роҳ ва сафарбар кардан ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Дар суҳбати Гапи Озод, ҳамин масъаларо бо ду ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва ҳам волидони онҳо, Дилрабо Самадова раиси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Музаффар Бобоҷонов, роҳбари созмони “Волидони сарбозон” ва комиссари собиқи низомӣ дар миён гузоштем.

Иқтибосҳое аз барнома:

Дилрабо Самадова: “Дар ҳақиқат тақрибан то 8-уми декабр баъди ба охир расидани муҳлати даъват, ки то 30-уми ноябр пешбинӣ карда шудааст, мо аз нафароне, ки дар муҳоҷирати корӣ буданду ва ба воситаи ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб фуруд омаданд, шикоят гирифтем, ки онҳоро дастгир карда, ғайриқонунӣ ба хидмати ҳарбӣ мефиристанд.”

Музаффар Бобоҷонов: “Ман метавонам намуна орам, ки сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷияни худашро ба артиш ҷалб кард, як раиси ҳам ки номаш дар хотирам нест писараш фиристода буд, боз як директори мактаб ҳам бачаашро ба хизмат бурда буд.”

Гапи озод: Чӣ кор бояд кард, то "облава" аз байн биравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:00 0:00

Дилрабо Самадова: “Ман бо сарбозону волидайн бисёр суҳбат мекунам ва медонам, ки масъалаи асосӣ, таъмин кардани бехатарии сарбозон дар вақти осоишта аст. Дар вақти ҳолатҳои ҷангӣ маҳрум кардани сарбозон аз ҳаёт ва ё фавти сарбоз қобили фаҳм ва қобили қабул аст, лекин вақте сарбоз аз дасти ҳамхидматаш, ҷӯрааш кушта мешавад, ё зарари ҷисмонӣ мебинад, дар инҷо боварӣ нисбат ба хидмати ҳарбӣ кам мешавад. Сарбозон бояд дар наздикии хонаашон хидмат кунанд. Ҳар бегоҳ дастрасӣ ба телефони мобилӣ дошта бошанд, ки волидайн ва худи сарбоз нисбат ба қисми ҳарбӣ боварии бештар ҳосил кунад. “

Музаффар Бобоҷонов: “Комиссариати ҳарбӣ метавонад, даъватшавандаро барои омӯзиш ба комиссариати ҳарбӣ даъват кунад. Оё ин маънои онро дорад, ки тамоми сол даъват давом дорад. Не. “

Музаффар Бобоҷонов: “Фикр мекунам, ки якум ба сифати баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ ватанпарастӣ, дуюм дар мактабҳо фанни омодагии дифоъро ду соат не, аққалан чаҳор соат кардан даркор. Солҳои пеш баъд аз синфи 10 мактаббачгоне, ки синфи 10-11-ро тамом мекарданд, онҳо як ҳафта, ё 10 рӯз ҷамъомад мегузаштанд, тир меандохтанд. Аллакай худро омода мекарданд. Масъалаи саввум, баланд бардоштани омодагии кормандони комиссарити ҳарбӣ. Чаҳорум масъала.

Ман дар яке аз суҳбатҳое, ки зиёда аз 20 нафар журналистони вилояти Суғд иштирок мекарданд, ман ба онҳо савол додам, ки кадоме аз шумо маводи манфӣ дар бораи артиш навиштед. Ба ғайр аз 4 ё 5 кас, ҳама гуфтанд, ки мо навиштем. Ман гуфтам, ки акнун даст бардоред, кӣ дар бораи артиш маводи мусбат навишт. Ягон кас даст набардошт. Ин маънои онро дорад, ки мо набояд танҳо дар бораи тарафи манфии артиш гап занем. Бояд дар бораи тарафи мусбати даъват, тарафи мусбати хидмати ҳарбӣ ҳам сухан гӯем.”

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG