Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон соли 2022 бунёди роҳи оҳани Кобул-Пешоварро оғоз мекунад


Узбекистон омодааст, соли 2022 сохтмони роҳи оҳани Кобул-Пешоварро оғоз кунад. Расонаи покистонии "The News International" 20 декабр иттилоъ дод, ки вазири нақлиёти Узбекистон Илҳом Маҳкамов ва вазири умури хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ дар ҳошияи саммити Созмони ҳамкориҳи исломӣ дар шаҳри Исломобод мулоқот ва масъалаи бунёди роҳи оҳани Кобул-Пешоварро баррасӣ кардаанд. Бунёди ин роҳи оҳан, ки пойтахтҳои Афғонистон ва Покистонро ба ҳам мепайвандад, 4,8 миллиард доллари амрикоӣ харҷ дорад. Интизор меравад, ҳайати Толибон барои баррасии ҷанбаҳои техникии тарҳ рӯзҳои наздик ба Тошканд биравад. Дар бораи бунёди роҳи оҳани Кобул-Пешовар соли 2018 хабар дода шуд ва қарор буд он моҳи сентябри соли 2021 оғоз шавад. Вале баъди ғасб шудани Кобул аз сӯи гуруҳи Толибон он ба таъхир афтод. Маълум нест, ки бунёди ин тарҳ то куҷо амалӣ хоҳад шуд, зеро Афғонистон як кишвари бесубот ҳаст ва бинобар ҷангҳои дохилӣ, тарҳҳои зиёди минтақавӣ ба нокомӣ рӯбарӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG