Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои исломӣ барои Афғонистон сандуқи ёрӣ таъсис доданд, аммо Толибонро ба расмият нашинохтанд


Кишварҳои исломӣ ба таъсиси сандуқи кӯмак ба мардуми Афғонистон мувофиқат карданд, вале дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон тасмиме нагирифтанд. Рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Исломободи Покистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд. Мавзуи меҳварӣ расонидани кӯмак ба Афғонистон буд.

Дар ҳоле, ки миллионҳо шаҳрванди Афғонистон бо гуруснагӣ ва сармои сахти зимистон рӯбарӯ ҳастанд, ин кишварҳо ӯҳдадор шуданд, ки сандуқе барои кӯмакҳои башардӯстона ба ин кишвар таъсис диҳанд.

Занги хатар дар бораи шароити Афғонистон аз муддатҳо пеш ба садо даромада буд, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ вокуниши муносибе дар ин робита нишон надодааст. Сабаби асосии он бетаваҷҷуҳии кишварҳои ғарбӣ барои кӯмак, ин ҳукумати Толибон аст, ки тобистони имсол қудратро дар Кобул ба даст гирифт.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод гуфт, "агар як иқдоми фаврӣ сурат нагирад, Афғонистон ба ҳарҷумарҷ фурӯ хоҳад рафт".

Сандуқе, ки Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон хабари онро эълон кард, бо ҳимояти Бонки рушди исломӣ таъсис хоҳад шуд. Ҳанӯз маълум нест чӣ миқдор пул барои ҳимояти Афғонистон ҷамъ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин нишаст ҳукумати Толибон ба расмият шинохта нашуд. Тибқи гузоришҳо, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон дар ин иҷосия гуфт, ки ҳукумати ӯ "сулҳ ва амниятро дар Афғонистон барқарор кард" ва талошҳои зиёде барои рафъи нигарониҳо дар робита ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон анҷом додааст.

Вай изҳор дошт, "ҳама бояд андеша кунанд, ки дар ҳошия қарор додани Афғонистон ба нафъи ҳеҷ касе нест. Бинобар ин зарурӣ аст, ки ҳама ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ба Афғонистон кӯмак кунанд".

Мақомоти Толибон пеш аз ин хостори кӯмакҳои байналмилалӣ барои бозсозии иқтисоди дарҳамшикастаи Афғонистон ва таъмини ғизои беш аз миллион аҳолии ин кишвар шудаанд, ки хатари гуруснагӣ онҳоро таҳдид мекунад.

Бархе кишварҳо ва созмонҳои хайрия фиристодани кӯмак ба Афғонистонро оғоз кардаанд, аммо аз он сабаб, ки низоми бонкии ин кишвар дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад, вазъро печидатар кардааст.

Толибон рӯзи 15-уми августи имсол пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва қудратро ба даст гирифтанд. То кунун ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG