Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти нав дар заминаи "Омикрон"


Навъи “Омикрон”-и коронавирус дар саросари ҷаҳон то рафт бештар паҳн мешавад. Дар ИМА мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки шумори олудашудаҳо ба ин навъи вирус дар беморхонаҳои ин кишвар бештар мешаванд. Дар Олмону Фаронса мақомот рӯзи 17-уми декабр гуфтанд, ки “Омикрон” базудӣ сабаби хуруҷи мавҷи панҷуми пандемия мешавад ва низоми беҳдоштии ин кишварҳо, ки бо навъи “Делта” дастбагиребон мебошанд, базудӣ таҳти фишори “Омикрон” мемонанд. Ҳамоно бисёр ҷузъиёти ин навъи коронавирус то охир шинохта нашудааст, вале таносуби олудашудаҳо ба он ҳар ду ва се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Як таҳқиқи Коллеҷи салтанатии Лондон маълум кардааст, ки хатари дубора олуда шудан бо “Омикрон” беш аз 5 баробар зиёдтар назар ба “Делта” будааст. “Омикрон” тавони нодида гирифтани воксина ваё осори бемории пешини коронавирусро дошта шахсро аз нав бемор мекардааст. Вале як хусусияти дигари “Омикрон” ин аст, ки марги инсон бар асари он зиёд ба қайд гирифта намешавад.

XS
SM
MD
LG