Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Қирғизистон аз кони "Қумтор" дар 11 моҳ 7 млрд сом даромад дидааст


Кони тилои "Қумтор".
Кони тилои "Қумтор".

Мақомоти Қирғизистон эълом карданд, ки дар 11 моҳи соли 2021 аз ҳисоби ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" ба буҷаи ин кишвар 6 млрд 998 млн сом ворид шудааст. Дар ин бора Вазорати молияи Қирғизистон дар посух ба суоли вакили порлумони он кишвар Осмон Турдумамбетов дар бораи фоидаи кони тилои "Қумтор" ба буҷаи давлат хабар додааст.

Турдумамбетов 13 декабр аз мақомоти Қирғизистон пурсида буд, ки тилои истихроҷшуда аз кони "Қумтор" ба кӣ фурӯхта ё дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад. "Мардум мехоҳанд донанд, ки аз кони "Қумтор" чи қадар тило истихроҷ, чи қадар андоз пардохт ва чи қадар тилои истихроҷшуда ба киву бо кадом нарх фурӯхта шудааст", - изҳор дошт вакил.

"Қумтор" бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати "Сентерра" ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ конро аз ширкати канадагӣ гирифта, дар он мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати "Сентерра" талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати "Сентерра" даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашидааст.

XS
SM
MD
LG