Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро гази табиӣ аз Узбекистон ба сокинони Суғд дастрас нашуд? ВИДЕО


Соли гузашта мақомот эълон карданд, ки Узбекистон ба вилояти Суғд гази табиӣ интиқол медиҳад.
Соли гузашта мақомот эълон карданд, ки Узбекистон ба вилояти Суғд гази табиӣ интиқол медиҳад.

Бо гузашти беш аз як сол ҳанӯз сокинон ба гази табиӣ, ки ваъда шуда буд, аз Узбекистон ба вилояти Суғд интиқол меёбад, дастрасӣ пайдо накардаанд.

Зимнан, ширкати “Суғдиёнгаз” тасмим дорад, ба зудӣ фуруши гази табииро барои нақлиётҳо шурӯъ кунад. Ҳоло 5 нуқтаи фурӯши гази моеъ барои нақлиёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд дубора азнавсозӣ шудааст ва интизори иҷозаи мақомоти дахлдор ҳастанд.

Нархи як куб газ дар ин минтақа ҳудуди 4 сомонӣ муайян гардидааст.

Абдулҳаким Сӯфиев, раҳбари ширкати “Суғдиёнгаз” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, супориши ҳукумат аст, ки бояд барои нақлиёт сӯзишвории алтернативӣ вуҷуд дошта бошад. “Ҳоло нархи сӯзишворӣ хеле баланд рафта аст. Ин иқдоми Ҳукумат ба тамоми вазорату корхонаҳои дахлдор фиристода шудааст ва ба мо ҳам омада расид. Мо дар ҷавоб омодагиву пешниҳоди худро расонидем ва ҳоло дар марҳилаи баррасӣ аст”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Аз ваъдаи "Суғдиёнгаз" як сол гузашт. Сокинони Хуҷанд ҳанӯз ҳам мунтазиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Вилояти Суғд маъмулан аз Узбекистон гази табиӣ дастрас мекунад. Соли гузашта пас аз чанд соли “танаффус” мақомоти тоҷик эълон карданд, ки Узбекистон ба интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғд оғоз кардааст. Омадани гази табиӣ беш аз ҳама сокинонро хушҳол карда буд, ки дар фасли сармо хонаҳояшонро бо барқу ангишт ва ё таппаку ҳезум гарм мекунанд. Нархи як куб газро барои манзилҳо ҳудуди 2 сомонӣ мегӯянд. Сокинон мегӯянд, пас аз як соли дубора омадани гази табиӣ ҳанӯз ҳам ба он дастрасӣ пайдо накардаанд. Ширкати “Суғдиёнгаз” моҳи декабри соли 2020 бо афрӯхтани гулхан дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки баъди васли корхонаҳои саноатӣ, дар зудтарин фурсат, мардумро низ бо гази табиӣ таъмин хоҳанд кард.

Садриддин Боймуродов, як ронанда мегӯяд, “ҳоло дар Узбекистон газ хеле арзон аст. Барои як куб 3 сомонӣ медиҳанд. Дар мо қариб 8 сомонӣ. Агар мардумаш ба Тоҷикистон биёянд, мегӯянд, ки таксиҳои шумо қиммат аст. Барои онки дар мо газ қиммат аст, аз ҳисоби ҳамин”.

Акрамҷон Фозилов, ронандаи дигар гуфт, ҳоло солярка камчин аст, аз ин рӯ, гази табии мушкили дастрасӣ ба сӯзишвориро камтар мекунад.

Баҳодур Ботуров, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ҳоло ба манзилҳои зист гази табии намреасад, аз ин рӯ, сокинон барои хурокпазӣ аз нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ гази моеъ мехаранд.

Масъулони ширкати “Суғдиёнгаз” сабаби таъхири таъминоти газ ба аҳолиро ба корҳои таъмир ва дарёфт накардани иҷозаи мақомоти расмӣ рабт медиҳад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар охирон нишасти хабариаш муроҷиати ширкатро тасдиқ кард ва ба рӯзноманигорон гуфт, ҳоло масъалаи бехатарии онро баррасӣ доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, гази тибиие, ки солҳои пеш мардум дар хонаашон истифода мекарданд, аз сабаби хавфнок будану ҳодисаҳои нохуш рух доданаш муваққатан қатъ шудааст. “Инро сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд полковник Додиён низ тасдиқ мекунанд. Оиди ин масъала мо пешниҳодро дида мебароем, ки барои бехатарии мардум бояд бо чӣ тарз истифода барем. Бо “Тоҷикгаз” ва дигар ниҳодҳои бехатарии ҳамин соҳа ин масъаларо баррасӣ мекунем”,--гуфт ӯ.

Масъулони ширкат мегӯянд, бо харҷи тақрибан 3 миллион сомонӣ қубурҳоро таъмиру навсозӣ кардаанд ва тибқи шартномаи нав бо ширкатҳои узбекистонӣ барои ворид кардани як милион ҳисобкунакҳои газӣ ба созиш расидаанд.

“Инқадар гази табиӣ солҳои тулонӣ дар ҳар хонадон буд, чаро хатар надошт? Чаро мардум истифода мебурданд? Ҳоло низ мардум ба мо муроҷиат ва хоҳиш мекунанд, ки ба мо дар фасли сармо назар ба барқ газ муфидтар аст. Агар ин иқдом ҳалли худашро ёбад, нуран алонур мешавад ва мардум шод мешаванд”,--гуфт Абдулҳаким Сӯфиев, раҳбари ширкати Суғдиёнгаз.

Узбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон пурра қатъ карда буд. Дар гузашта ҳукумати Тоҷикистон борҳо талош кардааст, азсаргирии воридоти гази табииро аз Узбекистон бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, аммо ҳукумати раисҷумҳури пешин, Ислом Каримов ҳамвора посухи рад додааст ва ё дар иваз пули бештаре хостааст. Тибқи маълумоти дарёфтӣ, «Тоҷикгаз» ҳоло ҳазор куб газро аз Узбекистон атрофи 130 доллар харидорӣ мекунад. Ин нарх даҳ сол пеш аз 340 то 360 доллар буд. Ҳоло 44 корхонаи саноатии вилояти Суғд бо гази табиӣ фаъоланд.

XS
SM
MD
LG