Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Узбекистон оташи 12 корхонаи Тоҷикистонро фурӯзон кард. Видео


Корхонаи "Талко"

Мақомоти "Тоҷиктрансгаз" мегӯянд, ки баъди барқарор шудани равобити Тоҷикистону Узбекистон, таъмини корхонаҳои ватанӣ бо гази кишвари ҳамсоя барқарор шудааст. Дувоздаҳ корхона ҳоло бо гази табиӣ тавлидотро ба роҳ мондаанд.

Дар ин бора рӯзи 16-уми июл дар нишасти матбуотии Душанбе мақомоти ширкати "Тоҷиктрансгаз", хабар доданд. Шурӯъ аз моҳи апрели имсол 12 корхонаи саноатии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи тавлиди алюминиуми "Талко" ҳам бо гази табии Узбекистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Имкони харидории газ аз Узбекистон баъди таъхири панҷунимсола дубора имконпазир шуд. Бар асоси як созишнома аз моҳи март, имсол Тоҷикистон аз Узбекистон тахминан 126 миллион метри мураббаъ гази табииро бо арзиши беш аз 15 миллион доллар харидорӣ мекунад. Бар асоси иттилои манобеи ҳукуматӣ, ҳар ҳазор метри кубӣ гази Узбекистон 120 доллар қимат дорад.

Корхонаи Талко
Корхонаи Талко

Шавкат Шоимов, муовини аввали раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" зимни нишасти матбуотӣ гуфт, феълан фаъолияти "Талко" пурра бо истифода аз гази табиии Узбекистон сурат мегирад.

"Ҳамзамон 12 корхонаи дигари саноатии Тоҷикистон аз гази табиии Узбекистон истифода мекунанд. Ҳамарӯза миқдори корхонаҳои саноатӣ, ки аз гази табии воридотӣ истифода мекунанд, афзоиш меёбад. То ба имрӯз чаҳор ноҳияи вилояти Суғд аз гази табии Узбекистон истифода мекунанд. Қубури интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон то ба шаҳри Душанбе расонида шуда, дар тирамоҳи имсол маркази гармидиҳиву барқии "Душанбе-1" аз ин маводи сӯхтӣ истифода мекунад" - афзуд Шавкат Шоимзода.Дар миёни дигар баҳрабардорони гази узбекӣ, корхонаҳои хиштбарорӣ ҳам мебошанд.

Гази Узбекистон оташи 12 корхонаи Тоҷикистонро фурӯзон кард
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:02 0:00

Мардум ҳоло мунтазир бошанд

Дар посух ба ин савол, ки оё сокинони Тоҷикистон низ метавонанд умед банданд, ки дар манзилашон аз гази табиӣ истифода мекунанд, Шавкат Шоимзода гуфт, ки барқарорсозии лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ, ки беш аз 5 соли ахир бекор монда буданд, вақт ва маблағ талаб мекунад.

Интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон соли 2012 дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов қатъ шуд. Дар он замон муносиботи ду кишвар бисёр сард буд. Ҳамкориҳо баъди сари кор омадани Шавкат Мирзиёев ва сафари расмии ӯ моҳи марти соли ҷорӣ ба Душанбе зинда шуд.

Нақшаи кори Роғун ҳам муаррифӣ шуд

Яке аз масоили дигари дучори мушкил дар равобит бо Узбекистони ду-се соли пеш тарҳи нерӯгоҳи Роғун буд. Бунёди ин тарҳ соли 2016 расман аз сар гирифта шуд ва рӯзи 16-уми июл мақомот дар бораи нақшаи роҳандозии кори нирӯгоҳро боз карданд.

Усмоналӣ Усмонзода - вазири энергетикаи Тоҷикистон
Усмоналӣ Усмонзода - вазири энергетикаи Тоҷикистон

Усмоналӣ Усмонзода, вазири захираҳои об ва энергетикаи Тоҷикистон 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки чархаи аввали нирӯгоҳ 16-уми ноябр ба муносибати, ба гуфтаи ӯ, рӯзи "Президенти Тоҷикистон" фаъол карда мешавад. Президенти Тоҷикистон, ки солҳои раҳбариаш талош кардааст бӯҳрони энержиро рафъ кунад, бунёди "Роғун"-ро ҳадафи стратегӣ номидааст.

Усмонзода гуфт, чархаи дувуми нерӯгоҳ моҳи апрели соли 2019 мавриди истифода қарор дода мешавад.

"Чархаи охирини нерӯгоҳ соли 2028 фаъол мешавад ва то он замон баландии садди обанбори нерӯгоҳ ба 335 метр расонида мешавад" - гуфт ҷаноби Усмонзода.

Ба гуфтаи вай, феълан коргарон хатти интиқоли нерӯи барқ аз Роғун то ба Душанберо мекашанд ва қарор аст, моҳи ноябр барқи Роғун ба системаи ягонаи энергетики Тоҷикистон ворид шавад.

"Агрегати аввалини нерӯгоҳи Роғун танҳо 100 мегаватт соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки барои бароварда сохтани куллия ниёзҳои Тоҷикистон ба нерӯи барқ кифоят намекунад. Ҳамзамон қарор аст, соли ҷорӣ маркази гармидиҳиву барқии "Душанбе-1" низ бо истифода аз гази табиии Узбекистон фаъол карда шавад. Марказ дар як шабонарӯз то 80 мегаватт соат нерӯи барқ тавлид мекунад ва бештаре аз маҳаллаҳои Душанбе бо оби гарм таъмин хоҳанд шуд" - гуфт Усмоналӣ Усмонзода.

Барқи Тоҷикистон дар хонаҳои сокинони Узбекистон

Дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки аз баҳори соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Узбекистон чӣ миқдор нерӯи барқ фурӯхтааст, Усмоналӣ Усмонзода гуфт, ки то ба имрӯз тавассути зеристгоҳи "Регар" ба ҷануби Узбекистон 680 миллион киловатт соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

"Аммо ҳамзамон шимоли Тоҷикистон бо фаро расидани мавсими обёрӣ ба нерӯи барқи бештар ниёз дорад. Ба ин далел, ҳамарӯза то 7 миллион киловатт соат нерӯи барқ барои фаъол кардани пойгоҳҳои обкашӣ аз Узбекистон нерӯи барқ мегирад".

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG