Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарнавиштии Манучеҳр ва Ваҳдат дар Теҳрон. Кай қарордод имзо мекунанд?


Ду футболбози тоҷик, ки бо даъвати дастаи овозадори "Персеполис" ба Эрон рафтанд, бо гузашти 5 ҳафта ҳанӯз муваффақ нашудаанд, ки қарордодҳояшонро имзо кунанд. Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров ҳоло дар яке аз меҳмонхонаҳои Теҳрон иқомат мекунанд ва баста будани равзанаи нақлу интиқолоти "Персеполис" сабаб шудааст, ки онҳо дар бесарнавиштӣ ба сар баранд.

Хабари интиқоли ин ду бозигар ба ин бошгоҳи пуртарафдори эронӣ, дар ду моҳи гузашта мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои ду кишвар қарор гирифта буд.

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров дар муддати ҳузури худ дар Эрон бо дастаи "Персеполис" дар тамрин иштирок карданд ва дар чанд бозии дустона ҳам бо либоси ин тим ба майдон рафтанд.

Ваҳдат Ҳанонов ба расонаҳои эронӣ гуфтааст, "зиндагӣ дар Теҳрон хуб аст, бо мардумоне меҳмоннавоз. Аслан эҳсоси ғарибӣ намекунам. Мо аз як решаем ва фарқе байни фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон нест".

Манучеҳр Сафарови 20-сола, ҳимоягари пешини дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, ки номзади беҳтарин ҳимоятгари ин фасли Лигаи қаҳрамони Осиё аст, 14 бор дар ҳайати дасти мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кардааст.

Манучеҳр ба рӯзноми эронии "Фарҳангиён" гуфтааст, "масъулини "Персеполис" ваъда доданд, ки ҳарчӣ зудтар ин мушкил ҳал мешавад ва мо ҳам шоҳидем, ки талошашонро мекунанд. Дурӣ аз мусобиқаҳо ба бозикун зарба мезанад, аммо дар бозиҳои дӯстона дар шароити мусобиқа қарор мегирем, то ба зудӣ битавонем ба "Персеполис" хидмат кунем".

Бинобар баробар накардани ҳисобҳо бо сармураббии пешини "Персеполис" аз Аргентина, ин бошгоҳ аз ҷалби бозикунони нав маҳрум шудааст. Рузи душанбеи 13-уми декабр дар ниҳоят эълом шуд, ки ин қарзҳо пардохта шудааст ва интизор меравад, ки равзанаи нақлу интиқолоти "Персеполис" боз шавад.

Яҳё Гулмуҳаммадӣ, сармураббии дастаи "Персеполис" бо интиқод аз ин вазъ ва дар робита ба Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов гуфтааст, "ба Худо намедонам чӣ вақте равзана боз мешавад. Ин бандагони Худоро овардем, мисли туристҳо меоянд ва мераванд".

Қаблан Transfermarket хабар дода буд, ки ҳарду футболбози тоҷик ба "Персеполис” мегузаранд ва қарордоди онҳо то 30-юми июни соли 2024 ба имзо расидааст. Ҳанонов 150 ҳазор евро ва Сафаров 175 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Дар сурати имзои қарордод, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов нахустин намояндагони футболи тоҷик дар Лигаи бартари Эрон нахоҳанд буд. Аз ин қабл Акмал Холматов дар дастаи "Пос"-и Ҳамадон бозӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG