Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳим Раисӣ мегӯяд, Эрон дар музокирот ҷиддӣ аст


Иброҳим Раисӣ
Иброҳим Раисӣ

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш дар музокироти атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиддӣ аст. Хабаргузории давлатии “ИРНА” рӯзи 11-уми декабр аз қавли Раисӣ навишт:”Мо дар музокирот ҷиддӣ ҳастем ва агар тарафи дигар дар бардоштани таҳримот ҷиддӣ бошад, пас мо ба созиши хуб ноил мешавем. Мо албатта дар пайи як созиши хуб ҳастем.”

Пештар аз суҳбати ӯ, музокирот дар бораи эҳёи созиши атомии соли 2015 бо Эрон дар шаҳри Вена аз сар гирифта шуд. Музокирот чанд рӯзе мутаваққиф шуда буд. Баъд аз онки Эрон дар ҳафтаи гузашта чанд талаби ғайриқобили қабул барои тарафҳои муқобилро дар миён гузоштааст, дипломатҳои аврупоӣ аз Теҳрон хостанд, бо “пешниҳоди воқеъбинона” ба музокирот баргардад.

Нед Прайс, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ин ҳафта гуфт, Вашингтон умедвор аст, ки ин даври музокирот “дигаргуна пеш меравад”. Бар асоси созиши соли 2015, ки бо номи БАРҶОМ шинохта мешавад, Теҳрон бояд фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд мекард ва таҳримоти байналмилалӣ ба зидди он ҳам сабук карда мешуд.

Дар музокироти Вена, намояндагони Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин ҳузур доранд, аммо Амрико, ки Доналд Трамп онро аз созиш хориҷ кард, дар музокирот ғайримустақим ширкат мекунад. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, мехоҳад, Амрикоро ба созиш баргардонад.

XS
SM
MD
LG