Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ аз ихтисоси пул барои кӯмак ба Афғонистон хабар дод


Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ яке аз тақсимкунандагони асосии маводи хӯрока дар Афғонистон аст.
Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ яке аз тақсимкунандагони асосии маводи хӯрока дар Афғонистон аст.

Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, кишварҳои донор иҷоза додаанд, 280 миллион долларе, ки барои кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон ҷудо шуда буд, дар ихтиёри ду муассисаи имдодӣ гузошта шавад.

Пули мазкур аз ҳисоби Бунёди Бозсозии Афғонистон ба созмони ЮНИСЕФ, Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал ва Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ интиқол дода мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, қарори мазкур нахустин қадам барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва дар ин замони фавқуллода аст.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқа 180 миллион доллар ба даст оварда ва барои тақсими ғизо сарф мекунад ва 100 миллион доллари бақия ба ЮНИСЕФ барои расонидани хадамоти тиббӣ дар Афғонистон дода мешавад.

Пулҳои мазкур бо ҳадафи тақвияти амнияти ғизоӣ ва иҷрои барномаҳои тандурустӣ дар мавсими зимистон равона мешаванд. Созмони Милал мегӯяд, тақрибан 23 миллион нафар дар Афғонистон ба хатари гуруснагии сахт рӯ ба рӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG