Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори Русия навиштаҳои тоҷикии метрои Маскавро танқид кард


Валерий Фадеев
Валерий Фадеев

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия навиштаҳои тоҷикии метроҳои Маскавро танқид кардааст.

Валерий Фадеев, раиси Шӯро, гуфтааст, дар ин хусус ба ӯ шаҳрвандон шикоят кардаанд. Ӯ аз Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав, хостааст, мавзуъро шарҳ диҳад.

Роҳнамо бо забони тоҷикӣ ва узбекӣ моҳи сентябри имсол дар истгоҳи ду метрои Маскав пайдо шуд. Муҳоҷирон бо истифода аз он ба маркази муҳоҷират мераванд.

Ин мақомдори рус ин иқдомро танқид карда, гуфтааст, ба ҷойи роҳандозии сиёсати ҳамгироии муҳоҷирон, “мо ба онҳое, ки забони русиро намедонанд, шароит фароҳам меорем.”

Ӯ ишора кардааст, ки гуё ин иқдом хилофи қонун дар бораи забони давлатии Русия аст.

Қаблан муҳоҷирон аз ин навиштаҳо изҳори хушҳолӣ карда буданд, ки мақомоти рус ба хотири эҳтиром ба онҳо чунин коре анҷом додаанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ сатҳи миллатбадбинӣ дар Русияро баланд медонанд.

XS
SM
MD
LG