Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзонтарин барқро дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон дорад


Яке аз зеристгоҳҳои барқӣ дар Қазоқистон.
Яке аз зеристгоҳҳои барқӣ дар Қазоқистон.

Сомонаи бритониёии Cable.co.uk, ки дар бахши неруи барқ иттилоъ ҷамъ ва нашр мекунад, қимати неруи барқро дар миёни кишвари дунё муқоиса кардааст. Ба иттилои ин сомона, 1 киловатт/соат неруи барқ дар Узбекистон 0,027 доллари ИМА буда, ин кишвар дар рӯйхат мақоми 7-ро соҳиб шудааст.

Бино ба раддабандии сомона, арзонтарин барқро дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон доштааст. Қимати 1 киловатт/соат неруи барқ дар он кишвар 0,017 долларро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, Қирғизистон дар раддабандӣ дар мақоми 4-ум қарор дорад. Тоҷикистон бо қимати 0,023 доллар барои ҳар киловатт/соат неруи барқ дар раддабандии мазкур дар мақоми шашум ҷо гирифтааст.

Қазоқистон бо қимати 0,039 доллар барои ҳар киловат/соат дар мақоми 16 ҷо гирифтааст.

Либия бо 0,007 доллар, Ангола бо 0,013 доллар ва Судон бо 0,014 доллар барои ҳар киловатт/соат дар сегонаи кишварҳои дорои арзонтарин неруи барқ дар дунё шомил шудаанд.

Ҷазираҳои Соломон бо қимати 0,692 доллар, ҷазираҳои Еленаи Муқаддас бо 0,612 доллар ва Вануату бо 0,591 доллар барои ҳар киловатт/соат неруи барқ ба кишварҳои дорои гаронтарин неруи барқ ворид гардидаанд.

XS
SM
MD
LG