Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Қазоқистон аз меъёр зиёд об додааст


Неругоҳи Тоқтагул, Қирғизистон.
Неругоҳи Тоқтагул, Қирғизистон.

Ширкати энержии Қирғизистон тасдиқ кард, ки ин кишвар дар мавсими тобистон барои кишоварзони Қазоқистон аз обанбори Тоқтагул оби иловагӣ ҷудо кардааст.

Ба огаҳии ширкат, ин иқдом дар доираи табодули нерӯи барқ миёни Қазоқистон ва Қирғизистон сурат гирифтааст. Қирғизистон тобистон ба Қазоқистон об додааст ва Қазоқистон дар иваз дар зимистон ба Қирғизистон барқ медиҳад.

Бар асоси созишнома, Қазоқистон дар умум ба Қирғизистон 900 миллион киловат-соат нерӯи барқ содир мекунад ва Қирғизистон то соли 2023, аз моҳи июн то моҳи август ин барқро бармегардонад.

Манбаъ афзудааст, ки Қазоқистон то 8 декабри соли равон ба Қирғизистон 616,4 млн киловат-соат барқ содир кардааст.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин 7 декабр гуфта буд, ки Қирғизистон дар мавсими тобистон ба ин кишвар оби иловагӣ додааст.

XS
SM
MD
LG