Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев хост, Конститутсияи Узбекистон тағйир дода шавад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Лоиҳаи нави Конститутсияи Узбекистон соли 2022 дар арафаи 30-умин солгарди ин санад таҳия ва қабул карда мешавад.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар паёми табрикотии худ бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Мирзиёев, замоне расидааст, ки бояд ба Конститутсияи Узбекистон тағйиротҳои зерин ворид карда шавад:

  • усули пешин "давлат - ҷомеа - одам" бояд ба "одам - ҷомеа - давлат" тағйир дода шавад;
  • манфиати мардум дар ислоҳоти иқтисодӣ бояд дар мадди авал бошад;
  • тақвияти нақш ва мақоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • рушди оила, тақвияти минбаъдаи ваҳдати миллӣ;
  • ҳифзи комили ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
  • ҳамчун меъёри конститутсионӣ қайд кардани "Узбекистони нав - давлати иҷтимоӣ";
  • пешгирии меҳнати кудакон, ҳимояти боварибахши ҳуқуқи маъюбон ва пиронсолон;
  • рушди боғчаҳо, мактабҳо ва донишгоҳу илм.

Шавкат Мирзиёев дар бораи тағйири Конститутсияи Узбекистон бори нахуст моҳи гузашта, баъди дубора президенти ин кишвар эълом шуданаш суҳбат карда буд. Ӯ 6 ноябр дар маросими савгандёдкунияш гуфт, "Конститутсияи Узбекистон бояд беҳтар карда шавад".

XS
SM
MD
LG