Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд. Ваксина надоред? Ба тӯю маъракаҳо роҳ намедиҳанд. ВИДЕО


Гувоҳномаи эм барои иштирок дар маъракаҳо ҳатмӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бино ба дастури Маркази беҳдоштии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз ин ба баъд онҳое, ки гувоҳномаи эм (ваксина) надоранд, наметавонанд дар тӯю маъракаҳо иштирок кунанд. Масъулони идора гуфтанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти интизомӣ ин равандро назорат доранд ва ва биноан ба моликони тарабхонаҳо ҳушдор дода шудааст.

Маҷнун Орифов, муовини сардори Маркази беҳдоштии Суғд, рӯзи 7-уми декабр гуфт: "Ин дастур аст. Агар дар оянда сирояти беморӣ сахттар шавад, чораҳои қатъӣ андешида мешавад. Дар тарабхонаҳо одами зиёд ҷамъ меояд. Сирояту паҳншавии вирус ҳам шиддат меёбад. Ғайр аз ин, дар бозор ва гулгашту ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳам ҳаст."

Аз ин пештар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд бо нашри огоҳӣ ба аксар ронандагон тавсия дод, ки бидуни эмгузаронӣ ба пойтахт сафар накунанд. Мақомоти тандурустӣ мегӯянд, ин дастур барои дигарбора авҷ нагирифтани бемории ҳамагир рӯи кор омадааст.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, мақомот ба ин васила мардумро ба гирифтани ваксина маҷбур мекунанд, аммо иддае дигар барои пешгирӣ аз беморӣ муҳим медонанд. Аҳрорхӯҷа Раҷабов, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт, “дар аввал ин кор ихтиёрӣ буд, вале акнун ҳатмӣ карданд. Ваксина бад нест. Чанд сол фикр карда ҳаминро бароварданд, яъне хулоса намуданд, ки зарурӣ аст.”

Ба маълумоти идораи беҳдоштӣ, ҳоло танҳо 50 дарсади сокинон дар шимоли Тоҷикистон вояи аввал ва ҳудуди 40 дарсад вояи дуюмро гирифтаанд, ки ин аз руйи нишондод ба маротиб кам будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки вилояти Суғд бо Узбекистон ва Қирғизистон марз дорад ва равуои мусофирон ин ҷо зиёдтар ба назар мерасад.

Ҳарчанд намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 3-юми декабри имсол гуфтанд, ки то кунун дар бораи фавти одамон аз “Омикрон”, навъи ҷадиди коронавирус, гузориш нашудааст, вале нигарониҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст. Ин навъи вирус бори аввал охири моҳи гузашта дар Африқои Ҷанубӣ кашф шуда, дар даҳҳо кишвари дунё паҳн гардидааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон чанд моҳ ба ин сӯ хабар медиҳад, ки дар кишвар мавридҳои сирояти коронавирус сабт нашудааст. Мақомот инро яке аз натиҷаҳои муҳими эмгузаронӣ медонанд, аммо баъзе аз коршиносон ва сокинон мегӯянд, мумкин аст, шиддати беморӣ андаке поин омада бошад, вале пурра аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG