Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон бо 8 қатора шаҳрвандонашро аз Русия меорад


"Роҳи оҳани Узбекистон" дар моҳи декабр барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия 8 қатораи иловагӣ роҳандозӣ кардааст. Қатораи нахустин рӯзи 4 декабр ба роҳ баромадааст. Қатораҳои боқимонда рӯзҳои 6, 10, 13, 17, 20, 24 ва 27 декабр ба роҳ хоҳанд баромад. Билет барои ин қатораҳо танҳо аз як самт - аз Русия ба Узбекистон фурӯхта мешавад. Муштариҳо ҳамчунин метавонанд, билетҳоро ба таври электронӣ харидорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG