Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА пешниҳоди омӯзиши коммунизм дар мактабҳои миёнаро карданд


Ҳайкали биринҷии Ленин дар як боми манзили зист дар Ню-Йорки ИМА.
Ҳайкали биринҷии Ленин дар як боми манзили зист дар Ню-Йорки ИМА.

Ҷумҳурихон дар палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешниҳод кардаанд, ки дар мактабҳои миёна омӯзиши таърихи коммунизм ҷорӣ шавад.

Мария Салазар, узви палатаи намояндагон дар нишасте гуфт, ки бояд насли нави амрикоиҳо аз коммунизм бохабар бошанд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳақиқат ин аст, ки коммунизм ин саратон аст ва камбизоатии баробар, гуруснагии баробарро ташвиқ мекунад”.

Дэн Креншоу, узви дигари палатаи намояндагони ИМА гуфт, ки мактаббачагони амрикоӣ бояд дар бораи марги 3,5 миллион украинӣ дар зиндонҳои Сталин огоҳ бошанд ва бидонанд, ки ҳоло ҳизби коммунист дар Шинҷони Чин ба уйғурҳои мусалмон чӣ гуна рафтор мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, “коммунизм дар ахлотҷойи таърих қарор дорад, ҷое ки муносиби ин идеология аст”.

Ӯ гуфт, бояд мактаббачагон бидонанд, ки Че Гевари кист ва аз пушидани акси ӯ дар либосҳояшон худдорӣ кунанд.

Коммунизм, идеологияи аслии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) буд, ки соли 1991 пас аз 70 соли ҳузур аз ҳам пошид. Ҳоло дар Чин бар асоси ин идеология ҳукумат мекунанд.

XS
SM
MD
LG