Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳазор нафар дар Аврупо алайҳи маҳдудиятҳо барои КОВИД-19 эътироз карданд


Яке аз хиёбонҳои Вена, пойтахти Австрия.
Яке аз хиёбонҳои Вена, пойтахти Австрия.

Даҳҳо ҳазор нафар дар чанд кишвари аврупоӣ дар пайи ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус эътироз карданд
Беш аз 40 ҳазор нафар дар Вена, пойтахти Австрия ба хиёбонҳо баромаданд. Австрия аз нахустин кишварҳои аврупоӣ буд, ки пас аз афзоиши гирифторони коронавирус 22-уми ноябр карантин эълон кард ва маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд. Ин кишвар низ гирифтани ваксинаро барои сокинон ҳатмӣ кард ва қарор аст, ки ин амр аз моҳи феврал амалӣ шавад.

Даҳҳо ҳазор нафар дар чанд шаҳри Олмон низ аз маҳдудиятҳои ҷоришуда эътироз карданд. Олмон барои афроде, ки ваксина нагирифтаанд, маҳдудияти сахт ҷорӣ кардааст. Онҳо бе супурдани тест иҷозаи ба маконҳои ҷамъиятӣ ворид шуданро надоранд.

Сирояти коронавирус, ки аз моҳи январи соли 2020 дар ҷаҳон паҳн шуд, ҳанӯз коҳиш наёфтааст.

XS
SM
MD
LG