Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Туркия: Як зани тоҷик ҳангоми офати табиӣ дар Истанбул ҷон бохтааст


Боди сахт дар Истанбул. 29-уми ноябри 2021
Боди сахт дар Истанбул. 29-уми ноябри 2021

Расонаҳои Туркия гузориш доданд, ки як зан аз Тоҷикистон ҳангоми бодҳои сахти охири моҳи ноябр дар шаҳри Истанбул ҷони худро аз даст додааст.

Нашрияи “Ҳуррият” аз ӯ Малоҳат Раҳимоваи 31-сола ном бурд, вале маълумоти дигаре надод. Чанде аз корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри акси зан аз пайвандонаш хостаанд, ҷасади ӯро бигиранд.

“Ҳуррият” мегӯяд, Раҳимова дар зери боми кандашудае дар маҳаллаи Эсенюрти Истанбул монда, ба бемористон бурда шуд, аммо наҷот наёфт. Лаҳзаи ба фалокат дучор шудани ӯро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд. Ҳодиса дар маҳаллаи Қироч, кӯчаи Истиқлол, рӯй додааст.

Расонаҳои туркӣ менависанд, он ҳангом Малоҳат Раҳимова аз роҳ мегузашт ва зери боми сарозершуда монд.

Бодҳои сахт рӯзи 29-уми ноябри имсол дар шаҳри Истанбул ва атрофи он боис ба марг ва захмӣ шудани чанд кас гардид.

Мақомоти Истанбул гуфта буданд, суръати бод дар шаҳри соҳилӣ то 130 километр дар соат мерасид. Дар наворҳое, ки тавассути телевизиону шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, саҳнаҳои афтодани бурҷи баландошёнае дар соҳилҳои Истанбул ва канда шудани боми биноҳо дида мешавад.

XS
SM
MD
LG