Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон латукӯби Текебоевро кори авбошон донист


Омурбек Текебоев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов (Жапаров) дар суҳбат бо расонаи "Aryba.kg" ҳамла ба раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота-Макон"-и ин кишвар Омурбек Текебоевро баъди напазируфтани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ шарҳ додааст.

Ҷабборов дар посух ба суоли он ки оё дастури латукӯби сиёсатмадори мухолифро мақомот додаанд, изҳор доштааст, ки "вақте роҷеъ ба фаъолияти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ сарусадоҳои зиёд аст, барои худ эҷод кардани мушкили иловагӣ маъное надорад".

"Шахсе, ки Текебоевро латукӯб карда, телефонашро дуздидааст, маълум шуд, як ғоратгари одӣ мебошад. Як касро дастгир карданд ва телефони Текебоевро баргардондааст. Гумонбар баёнот медиҳад, ки аз тазоҳуроти Текебоев "хаста шудааст". Дар аввал мо фикр кардем, ин корро худи Текебоев ташкил кардааст. Худи ӯ иддао дошт, ки кори мақомот аст. Аммо ду ҷониб бегуноҳ буданд ва он кори дасти авбошон будааст", - афзудааст Ҷабборов.

Омурбек Текебоев гуфт, ҳамла рӯзи 1-уми декабр дар тарабхонаи "Парк Отел"-и Бишкек сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан 70 марди ниқобпӯш ба онҷо рафта, се нафарашон ӯро задаанд. Текебоев бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегирад.

Пулиси шаҳри Бишкек шоми 1-уми декабр хабар дод, ки мардеро бо гумони ҳамла ба Омурбек Текебоев, раҳбари Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон боздошт кардааст.

Ба огаҳии пулис, гумонбар сокини 23-солаи вилояти Чӯйи Қирғизистон мебошад. Ӯ телефони мобилиеро, ки аз Текебоев дуздида буд, ихтиёрӣ баргардонида, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG