Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари Манора аз натиҷаи таҳқиқи марги ӯ норозӣ аст


Манораи Абдуфаттоҳ
Манораи Абдуфаттоҳ

Пайвандони зане, ки ҷасадаш моҳи июни имсол дар ноҳияи Файзобод бо 26 зарби корд пайдо шуд, мегӯянд, мақомот парвандаи духтарашонро дуруст таҳқиқ накарданд.

Додситонии ноҳияи Файзобод марги Манораи Абдуфаттоҳро худкушӣ номид ва бар асоси хулосаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ гуфт, "худи ӯ 26 кордро ба баданаш задааст". Наздикони зан ба худкушии ӯ бовар надоранд ва мегӯянд, "бо эҳтимоли зиёд ӯро куштаанд".

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд додситонӣ сабаби марги духтарашро худкушӣ номидааст, касеро то кунун ба ҷавобгарӣ накашидааст. Ин мард шавҳар ва хушдомани духтарашро дар марги Манора гумонбар медонад ва аз рӯйи онҳо ба мақомот шикоят кардааст.

Ӯ гуфт, мақомот шикояти ӯро баррасӣ накард, вале аризаи домодашро фавран баррасӣ карда, се тифли аз Манора мондаро ба тарбияи ӯ супурданд. Ин хонавода аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд, аммо ҳукм баррасӣ нашуда, мақомот ба хушдоман ва шавҳари духтари марҳумаш иҷозат додаанд, ки бо се кӯдак ба Русия бираванд.

Назари шавҳари Манора ва хушдоманаш ба даъво маълум нест. Радиои Озодӣ борҳо талош кард, то посухи онҳоро бигирад, аммо онҳо ҷавоб надоданд.

Маъмулан мақомот дар парвандаҳои дигари худкушӣ шахсонеро, ки боиси таҳрики ин амал шудаанд, ба ҷавобгарӣ мекашид, вале дар павандаи шубҳабарангези Манора бо гузашти беш аз ним сол касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, мегӯяд, ҳайрон аст, ки чаро тафтиши парванда ба итмом нарасида, ба ду гумонбар иҷозат доданд, ки Тоҷикистонро тарк кунад.

Мақомот инро шарҳ надоданд.

Манора соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод оила барпо кард ва аз ӯ се фарзанд мондааст, ки ҳоло ба Русия бурда шудаанд.

Худкушӣ номидани марги ӯ, ки бо 26 зарби корд ҷасадаш пайдо шуда буд, вокунишҳои зиёде ба бор овард. Аксаран шубҳа доранд, ки як нафар тавонад бо 26 зарби корд худро бикушад.

XS
SM
MD
LG