Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони қазоқ аз мақомот ҳимояти манфиатҳояшонро талаб доранд


Яке аз шоҳроҳҳои Қазоқистон.
Яке аз шоҳроҳҳои Қазоқистон.

Гуруҳи соҳибкорони Қазоқистон, ки мехоҳанд аз ширкати озарии "СПИК Аккорд" 168 миллион танга (ҳудуди 385 ҳазор доллар) қарзи худро рӯёнанд, 29-уми ноябр дар назди ҳукумати вилояти Оқтеппа ҷамъ шуданд.

Соҳибкорон аз мақомоти Оқтеппа даъват карданд, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоят ва мулоқот бо раиси ноҳияи Бойғанини вилоят Ундасин Оразалинро баргузор намоянд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, сокинони ноҳия соли 2019 ба ширкати озарӣ, ки шоҳроҳи Оқтеппа-Астраханро бозсозӣ мекард, техникаҳои гуногунро ба иҷора доданд, вале ширкат пули иҷораи онҳоро напардохтааст.

Ин ширкат барои таъмири роҳ аз ҳукумати Қазоқистон ҳудуди 9 миллиард доллар маблағ дарёфт карда буд, вале намояндагони ширкат соли гузашта корро ба поён нарасонида, Қазоқистонро тарк карданд.

Соҳибкорони қазоқ мегӯянд, ширкати "СПИК Аккорд"-ро ба додгоҳ кашиданд, вале ду сол мешавад, наметавонанд қарзи худро рӯёнанд.

Талошҳои барои тамос бо намояндагони "СПИК Аккорд" бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG