Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав гуфт, ба сохтмони 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон $150 миллион медиҳад


Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия. Арманистон, сентябри соли 2021
Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия. Арманистон, сентябри соли 2021

Як мансабдори баландпояи Русия гуфт, ин кишвар барои бунёди панҷ мактаби русизабон дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ҷудо кардааст. Ба иттилои расмӣ, дар ҳар яке аз ин мактабҳо тахминан 1200 нафар таҳсил хоҳанд кард.

Хабаргузории русии ТАСС навишт, Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия, ки 30-юми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, аз яке аз маҳалҳои сохтмони мактаби нав дидан кардааст.

Ӯ гуфт, дар ин мактабҳо омӯзгорон аз Русия омада, дарс медиҳанд ва барномаи таълимиро мутобиқ бо барномаи таълимии Тоҷикистон таҳия хоҳанд кард. Моҳи апрели соли 2019 миёни Тоҷикистон ва Русия созишномаи сохтмон ва таъмини моддиву фаннии панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода имзо шуд.

Александр Бугаев, муовини вазири маорифи Русия дар сафараш ба Душанбе, рӯзи 30-юми ноябр гуфтааст, дар доираи барномаи “Омӯзгори рус дар хориҷа” донишгоҳи омӯзгории Алтай мутахассисонашро барои кор аз рӯи ин тарҳ омода мекунад, то ба Тоҷикистон омада кор кунанд.

Қарори ба Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони Русия дар музокироти президентони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе моҳи феврали соли 2017 гирифта шуд ва августи ҳамон сол нахустин гурӯҳи 29-нафарии омӯзгорон ба Душанбе омаданд.

Соли 2018-2019 шумори омӯзгорони Русия 55 нафарро ташкил дод. Ин омӯзгорон асосан мутахассисони забон ва адабиёти рус ҳастанд, вале дар миёни онҳо омӯзгорони фаннҳои дигар, аз ҷумла, математика, физика, кимиё низ мебошанд.

XS
SM
MD
LG