Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар бораи "Омикрон" маълумот хоҳад дод


Кохи Сафед гуфт, ки президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи навъи нави коронавирус, ки бо номи “Омикрон” сабт шудааст, рӯзи 29-уми ноябр хабар медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чанд кишвари аврупоӣ аллакай хабар доданд, ки дар қаламрави онҳо навъи нави COVID-19 ошкор шудааст. “Омикрон”-ро коронавируси ошкоршуда дар Африқои Ҷанубӣ меноманд ва ин навъи вирусро бо хусусияти бисёр зуд сироят шуданаш хатарнок арзёбӣ мекунанд. Тарси мақомот ва донишмандон ин аст, ки “Омикрон” ба воксинаҳои зидди коронавирус тобовар буда, метавонад шахси эмшударо ҳам сироят кунад. Вале ҳамоно ин навъи вирус дуруст омӯхта нашудааст. Мақомот дар Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки дар кишвари онҳо бисёр беморшудаҳо ҷавонон мебошанд.

Сироятшиноси калони амрикоӣ Энтони Фаучи дар як сӯҳбаташ бо президент Ҷо Байден дирӯз гуфт, ки барои ба даст овардани иттилои пурраву фарогир дар бораи “Омикрон” ду ҳафта вақт лозим мешавад.

XS
SM
MD
LG