Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон 40 тамрини низомӣ барпо мекунад


Июли соли 2021. Низомиёни пойгоҳи 201, Тоҷикистон
Июли соли 2021. Низомиёни пойгоҳи 201, Тоҷикистон

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, дар мавсими зимистони имсола тахминан 40 даври тамринҳои низомиро барпо мекунанд ва машқҳои низомии онҳо 1-уми декабр шурӯъ хоҳанд шуд. Дар ин бора имрӯз мақомоти низомии Русия хабар доданд. Дар ҷараёни ин машқҳо аз техникаи низомӣ, аз ҷумла, ҳавопаймову чархболҳои низомӣ истифода хоҳад шуд. Машқҳои пойгоҳи Русия дар майдонҳои Лоҳур ва Сумбула барпо мешавад ва дар он мутахассисони низомии соҳаи ҳимояти радиатсионӣ, кимиёӣ ва биологӣ, низомиёни бахши дифои зиддиҳавоӣ ҷалб мешаванд. Бо тағйири қудрат дар Афғонистон, ки аз моҳи августи имсол зери назари “Толибон” гузаштааст, нигарониҳо аз эҳтимоли бад шудани вазъияти амниятӣ ва таҳдидҳо ба кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳам бештар шудааст. Тоҷикистон, ки як узви ин созмон аст, бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва мақомот гуфтаанд, ки ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG