Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устопириён ва Маҷидов дар "Abu Dhabi Grand Slam" соҳиби медал шуданд


Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ
Комроншоҳи Устопириён. Акс аз бойгонӣ

Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик шоми 28-уми ноябр дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” соҳиби медал шуданд. Ҳардуи онҳо дар вазни -90 баромад карданд.

Комроншоҳи Устопириён баъди шикаст додани се рақибаш аз Британияи Кабир, ИМА ва Қирғизистон ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар финал аз варзишгари Русия Мансур Лорсанов шикаст хӯрд. Бо ин шикаст Устопириён дар мақоми дуввум ва соҳиби медали нуқра шуд.

Гуштигири дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов барои соҳиб шудан ба медали биринҷӣ бо варзишгари қирғизистонӣ Эрлан Шеров сабқат кард ва ӯро шикаст дод. Маҷидов соҳиби медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” шуд.

Аз варзишгарони тоҷик танҳо Темур Раҳимов мондааст, ки шоми имрӯз барои медали биринҷӣ бо гуштигири рус Валерий Эндовитский рақобат мекунад. Сабқати Раҳимов то соати дигар баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2021” рӯзи 26-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ оғоз шуда, то 28-уми ноябр давом мекунад.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки бори шашум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор мешавад, 223 варзишгар (135 мард ва 88 зан) аз 41 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 10 варзишгар шомиланд, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар ду рӯзи аввали мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” варзишгарони тоҷик соҳиби медал нашуданд. Танҳо Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 ҷойи панҷумро ишғол кард.

XS
SM
MD
LG