Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки даҳ паҳлавони тоҷик дар Abu Dhabi Grand Slam 2021


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо (Abu Dhabi Grand Slam 2021), ки рӯзҳои 26-28-уми ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Забӣ - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа, ки бори шашум бо мақоми “Grand Slam” (“Тоскулоҳи бузург”) баргузор мешавад, 232 варзишгар (144 мард ва 88 зан) аз 42 кишвари панҷ қитъаи олам иштирок хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 10 варзишгар шомиланд, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд: Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 60 кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Ба ҷуз аз медал, ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ мукофоти молӣ супурда мешавад: барои ҷойи 1-ум - 5000 доллари ИМА, барои ҷойи 2-юм - 3000 доллар, барои ҷойҳои 3-юм - 1500-долларӣ.

Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон соҳиби имтиёзҳо дар радабандии ҷаҳонӣ мегарданд.

Барномаи мусобиқа:

26-уми ноябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

27-уми ноябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

28-уми ноябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли 2019 дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Abu Dhabi Grand Slam ноком шуда, бе медал монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 11 варзишгар (10 мард ва як зан) шомил буд. Аз миёни онҳо ду нафар - Ёқубҷон Боқиев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило – дар як қувваозмоӣ ғолиб шуданд, вале паҳлавонони дигари тоҷик дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG