Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, аз "тарҳҳои зарурӣ" барои Афғонистон пуштибонӣ мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфтааст, аз роҳандозии ҳама гуна таррҳҳое, ки барои амнияти Афғонистон заруранд, пуштибонӣ мекунад.

Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, ин ҳарф ҳангоми суҳбат бо Ориф Алвӣ, президенти Покистон садо додааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро қабул надорад, вале аксаран Покистонро пуштибони аслии ин гурӯҳ медонанд.

Президенти ду кишвар роҳҳои амалӣ кардани тарҳи “САSA-1000”-ро низ баррасӣ кардаанд. Бар асоси ин тарҳ, ки қарор аст, то соли 2023 ба итмом расад, аз Қирғизистону Тоҷикистон тариқи Афғонистон ба Покистон барқ интиқол хоҳад ёфт.

Эълони пуштибонии Раҳмон аз тарҳҳои ба гуфтаи ӯ, зарурӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон ба интиқоли кумакҳои башардӯстона тариқи хоки худ ба Афғонистон ризоият додааст. Ёрии нахустин, ки аз 2500 тонна орд иборат буд, аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG