Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти маҷозӣ дар бораи демократия. Амрико киро даъват кард?


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, намояндагони 110 кишвари оламро ба мулоқоти маҷозӣ ё онлайнии сатҳи олӣ бахшида ба демократия даъват кард.

Ин нишаст рӯзҳои 9-10-уми декабр бо иштироки раҳбарони давлатҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву бахши хусусӣ доир хоҳад шуд.

Департаменти давлатии Амрико бо нашри ин хабар рӯйхати кишварҳои даъватшударо ҳам эълон кардааст, ки дар он ҳампаймонҳои ғарбии Иёлоти Муттаҳида, Арманистон, Булғористон, Гурҷистон, Молдова, Покистон ва Украина ба чашм мехӯранд.

Чину Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба ин мулоқот даъват нашудаанд.

Департаменти давлатии Амрико навиштааст, ин нишаст майдоне барои баррасии чолишҳо ва имконоти демократия аст, ки дар он ташаббусҳои фардиву дастҷамъӣ, ислоҳот ва пуштибонӣ аз демократияву ҳуқуқи башар дар дохили кишварҳо ва берун аз он арзёбӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG