Муовини президенти Шӯрои олимпии Осиё ва домоди хурдии президенти Узбекистон Отабек Умаров дар 40-умин Маҷмаи умумии шӯро дар шаҳри Дубай иштирок мекунад.
Кумитаи миллии олимпии Узбекистон иттилоъ додааст, ки Умаровро дар ин чорабинӣ дабири кулли кумита Ойбек Қосимов ва муовини ӯ Азизҷон Комилов ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳайати Узбекистон дар чорабинии мазкур бо нашри видеое сатҳи омодагии ин кишвар ба IV Бозиҳои осиёии наврасон -- "Тошканд-2025"-ро ба намоиш гузоштааст.
Умаров 2 ноябр, баъди чандин моҳи "бедаракшавӣ" дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар меҳмонсарои "Hilton"-и шаҳри Тошканд иштирок кард.
Умарови 36-сола баъди як садамаи нақлиётӣ бо ҳавопаймои махсус нахуст ба Москва ва баъдан ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол ёфт. Ин садама 13 феврали соли равон дар маркази шаҳри Тошканд рух дода буд.
Манобеъ гуфтанд, Отабек Умаров бо мототсикл садама карда ва пояш ҷароҳат бардоштааст. Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар беморхонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешуд, пои рости вай аз 3 ҷо шикастааст.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.