Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон беш аз 26 ҳазор кас барои нагирифтани ваксина аз кор озод шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Узбекистон муҷозоти онҳоеро оғоз карданд, ки аз гирифтани ваксина ё эмшавӣ зидди коронавируси нав худдорӣ мекунанд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, беш аз 26 ҳазор шаҳрванди Узбекистон барои нагирифтани ваксина муваққатан аз кор озод шудаанд. Ин омор танҳо ба моҳи августи соли равон дахл дорад.

Кормандони Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистон дар идораву корхонаҳои ин кишвар зиёда аз 27,9 ҳазор санҷиш гузаронидаанд. Дар натиҷа муайян шудааст, ки 50 ҳазор коргар эм нашудаанд. Корфармоён дар 2225 ҳолат ба пардохти ҷарима вазифадор ва дари 175 корхонаи дигар муваққатан баста шудааст.

Пештар хабар доданд, ки танҳо дар вилояти Тошканди Узбекистон беш аз 3200 кас барои нагирифтани ваксина муваққатан аз кор озод гаштааст.

Раҳбарияти Узбекистон моҳи августи соли равон қарореро ба имзо расонданд, ки бар асоси он, гирифтани ваксина барои кормандони баъзе аз корхонаҳо, аз ҷумла марказҳои савдо, хидматрасонӣ, фароғатӣ ва истироҳатӣ ҳатмӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG