Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Афғонистон бо Толибони Покистон музокира мекунанд


Акс аз ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон дар соли 2014
Акс аз ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон дар соли 2014

Толибони Афғонистон гуфтаанд, онҳо намояндаи Покистон нестанд ва аз номи ин кишвар бо Толибони покистонӣ гуфтугӯ намекунанд.

Ин вокуниш ба гуфтаи Моид Юсуф, мушовири амнияти миллии Покистон буд, ки дар як суҳбат гуфт, ҳукумати Толибон бо намояндагӣ аз онҳо бо Толибони дохилӣ гуфтугӯ мекунанд.

Дар Покистон низ як неруи низомӣ бо номи Толибон фаъол аст, ки солҳо боз алайҳи ҳукумати ин кишвар меҷанганд. Ҳукумати Покистон борҳо барои нобуд кардани онҳо амалиёти низомӣ анҷом дод, вале комёб нашуд. Ҳоло мехоҳад, аз роҳи гуфтугӯ бо онҳо созиш кунад.

Моид Юсуф ба нашрияи “Ҷнюс” гуфтааст, ки Толибони Афғонистон ҳамчун намояндаи Покистон бо Толибони ин кишвар гуфтугӯ доранд. Ӯ гуфт, ки ҳоло ба музокироти мустақим ниёз надоранд.

Толибони Афғонистонро ба он муттаҳам мекунанд, ки зери фармони Покистон амал мекунанд. Аз ин рӯ, ин гуфтаи мушовири амнияти миллии Покистон, ки Толибонро намояндаи кишвари худ унвон кард, дар Афғонистон сару садо ба по кард.

Толибони Афғонистон музокира аз номи Покистонро рад карданд.

Забеҳулло Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг ва сухангӯи ҳукумати Толибон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо миёнарав ҳастанд, вале аз касе намояндагӣ намекунанд. Ӯ гуфт, ба хотири сулҳ дар кишвари ҳамсоя танҳо миёнравӣ мекунанд.

“Мо миёни Покистон ва Толибони ин кишвар барои сулҳ миёнаравӣ мекунем. Намояндаи ҳеҷ кишваре нестем. Мо тарафдори сулҳ ҳастем”,--гуфт ӯ.

Моид Юсуф, мушовири амнияти миллии Покистон дар ин суҳбат гуфтааст, ки бархе аз аъзои хонаводаи Толибони Покистон дар Афғонистон қарор доранд.

Дар гузашта мақомоти покистонӣ гуфта буданд, ки Толибони Афғонистон ба Толибони Покистон кумак мекунанд.

Ҳоло миёни Толибони Покистон ва ҳукумати ин кишвар то 9-уми декабр оташбас эълон шудааст. Маълум нест, ки музокироти Покистон бо Толибони дохилиаш ба чӣ меанҷомад.

Покистон дар ҳоле талоши созиш бо Толибони дохилиашро дорад, ки ин кишварро дар хориҷ ва дохили Афғонистон ба пуштибонӣ аз ҳукумати Толибон муттаҳам мекунанд. Ҳукумати Толибони Афғонистонро бисёриҳо дастнишондаи Покистон медонанд. Покистон ва Толибони Афғонистон инро борҳо рад кардаанд.

Толибон моҳи август Кобулро тасарруф карданд ва Афғонистонро “Аморати исломӣ” эълон карданд. То ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG