Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон се узви эҳтимолии "Таҳрики Толибон"-ро куштаанд


Панҷоб. Акс аз бойгонӣ
Панҷоб. Акс аз бойгонӣ

Пулиси зидди терроризм дар Покистон гуфт, дар ҷараёни амалиёти 8-уми август се ҷангҷӯйи эҳтимолиро дар пинҳонгоҳашон, дар наздики шаҳри Лоҳур, куштааст.

Ба иттилои Раёсати мубориза бо терроризм дар вилояти Панҷоб, амалиёт пас аз он сурат гирифт, ки дар бораи афроди "Таҳрики Толибон" будани ин се нафар маълумот гирифтанд.

"Таҳрики Толибон" як созмони мамнуъст ва бештар бо номи "Толибони покистонӣ" маъруф аст.

Дар изҳороти пулиси Покистон гуфта шудааст, ҷангҷӯёни эҳтимолӣ шаҳрвандони Афғонистон буда, қасд доштаанд, ба нерӯҳои амниятӣ ва маросими азои шиаҳо ҳамла кунанд.

Лоҳур, маркази вилояти шарқии Панҷоб, дар солҳои охир шоҳиди чанд ҳамлаи ҷангҷӯён будааст.

XS
SM
MD
LG