Намояндаи вижаи Созмони Милал барои Афғонистон рӯзи 17-уми ноябр аз эҳтимоли “фалокати башарӣ” дар ин кишвар ҳушдор дод ва аз ҷомеаи байналмилал хост, роҳеро барои расонидани кумаки молӣ ба Афғонистон пайдо кунад.
Дебора Лайонс, ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, ки 60 дар сади аҳолии 38 миллион нафарии Афғонистон дар рӯ ба рӯи буҳрони гуруснагӣ қарор доранд ва мумкин аст, вазъ дар зимистон аз ин ҳам бадтар шавад. Дебора Лайонс афзуд, ҷомеаи байналмилалӣ бояд роҳеро барои рсонидани кумакҳои молӣ ба мардуми Афғонистон пайдо кунад.
Ба гуфтаи ӯ, таҳримоти молӣ ба зидди Толибон “низоми бонкиро фалаҷ карда ва ба тамоми арсаҳои иқтисод асари манфӣ гузоштааст.” Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, табибону, кормандони барномаҳои таъмини амнияти ғизоӣ музди худро гирифта наметавонанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд роҳеро ёбад, то ин вазъ ислоҳ шавад. Дебора Лайонс гуфтааст, ки фалаҷ мондани низоми бонкӣ ба густариши терроризм, қочоқи инсон ва маводи мухаддир мусоидат мекунад ва вазъи феълӣ хатари тундгароиро боло мебарад.
Ба қавли намояндаи Созмони Милал, таҳаввулоти манфӣ аз ҳоло ба тавоноии Толибон барои гирифтани пеши роҳи ҳалқаи Хуросони гуруҳи ба ном Давлати исломиро бигирад ва ҳоло ин гуруҳ зоҳиран дар тамоми вилоятҳои Афғонистон ҳузур пайдо кардааст.