Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилиро ба беморхонаи низомӣ интиқол доданд


Аксҳои Михаил Саакашвилӣ баъди боздошташ дар таърихи 1 октябри соли ҷорӣ
Аксҳои Михаил Саакашвилӣ баъди боздошташ дар таърихи 1 октябри соли ҷорӣ

Собиқ президенти зиндонии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба беморхонаи низомӣ интиқол ёфт ва, ба қавли вакили дифоъ ва табиби ӯ, қарор аст он ҷо гуруснанишиниашро хотима диҳад. Ӯро шаби 19-уми ноябр ба як беморхонаи низомии шаҳри Гори бурданд, чун баъди 50 рӯзи гуруснанишинӣ нигаронӣ аз вазъи саломатии ӯ бештар мешавад. Ҳуқуқшинос Ника Гварамия уфт, ки Саакашвилии 53-сола розӣ шуд, ки дар сурати ба беморхона интиқол ёфтанаш даст аз гуруснанишинӣ бардорад. Духтури хусусии ӯ Ноколоз Кипшидзе гуфт, ки Саакашвили бояд чандин озмоиши тиббиро гузарад. Ҳолати ӯ, ба гуфтаи духтур, мӯътадил, вале сангин аст. Дирӯз вақте ҳуқуқшинос ба беморхонаи зиндон барои дидани Саакашвили ворид шуд, ӯ аз ҳуш рафт. Як тими табибоне, ки аз ҷониби Омбудсмени Гурҷистон таъин шудааст, ҳафтаи ҷорӣ хулоса кард, ки президенти собиқ аз дарди гурдаву мушкилоти асаб азият мешавад.

XS
SM
MD
LG