Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистону Озарбойҷон аз кушта шудани сарбозони худ хабар доданд


Нерӯҳои Озарбойҷон
Нерӯҳои Озарбойҷон

Арманистон мегӯяд, дар даргирии рӯзи сешанбе, 16-уми ноябр, дар марз бо Озарбойҷон шаш сарбози ин кишвар кушта шудаанд.

Ин даргирӣ пас аз ҷанги 44-рӯзаи ду кишвар бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли гузашта сахттарин хонда мешавад.

Озарбойҷон ҳам аз кушта шудани ҳафт сарбозаш ва захмӣ шудани даҳҳо каси дигар дар даргириҳои рӯзи сешанбе хабар додааст.

Ду тараф якдигарро гунаҳкор медонанд.

Вазорати дифои Арманистон гуфт, тамос бо 24 сарбозаш қатъ шуда, 13 сарбози дигари ин кишвар аз сӯи неруҳои Озарбойҷон асир гирифта шудаанд.

Даргирии низомиёни ду кишвар бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ ҳудуди як сол пеши дубора оғоз ва пас аз муддат бо эъломи оташбас мутаваққиф шуда буд.

XS
SM
MD
LG