Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус садҳо муҳоҷирро ба Ироқ бозпас фиристодааст


Марзи Беларус бо Лаҳистон, 18-уми ноябри 2021
Марзи Беларус бо Лаҳистон, 18-уми ноябри 2021

Беларус баъзе аз хаймаҳоро дар сарҳади ин кишвар бо Лаҳистон (Полша) бардошта, садҳо муҳоҷирро ба Ироқ бозпас фиристодааст.

Хабаргузориҳо ин амалро нишонаи сабуктар шудани буҳрон дар марзи Беларус бо Иттиҳоди Аврупо номиданд.

Расонаҳои давлатии Беларус рӯзи 18-уми ноябр иттилоъ доданд, ки наздик ба 2 ҳазор муҳоҷир ба як анбори гарм дар наздикиҳои сарҳад бурда шуданд.

Вазорати мудофиаи Полша гуфт, ҳоло дар канори гузаргоҳи марзӣ, ки рӯзҳои гузашта ба макони бархӯрдҳои нерӯҳои амниятӣ бо муҳоҷирон табдил ёфта буд, хаймаҳои муҳоҷирон дида мешаванд.

Нерӯҳои амниятии Полша тахминан 100 муҳоҷирро боздошт намуда, таъкид мекунанд, ки онҳо мехостанд, ғайриқонунӣ марзро гузаранд.

Иттиҳоди Аврупо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенкоро ба даъвати муҳоҷирон ба Беларус ва ташвиқи онҳо барои убури марзи Латвия, Литва ва Полша муттаҳам мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Ироқ гузориш дод, ки дирӯз 430 муҳоҷир тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Ироқ аз Беларус ба Бағдод баргаштанд.

XS
SM
MD
LG