Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон дар як сол 118 дархости баргузории эътирозҳоро рад кардаанд


Эътирози коргарон дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Эътирози коргарон дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳомиёни ҳуқуқи "ФаъолонТундгароНестанд" шуруъ аз 30-юми июли соли 2020 то ин замон дар Қазоқистон 148 ҳолатеро сабт кардаанд, ки мақомоти он кишвар дар 22 шаҳру ноҳия ба дархости баргузории эътирозҳо посухи рад додаанд.

"Аз ин теъдод 118 ҳолат дар соли 2021 сабт шудааст",-хабар дод Дониёр Ҳасенов, як масъули гуруҳи "ФаъолонТундгароНестанд" рӯзи 16-уми ноябр.

Мақомоти Қазоқистон дар радди дархости соконон барои баргузории эътирозу гирдиҳамоиҳо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дар як маврид шуруи корҳои таъмирӣ дар роҳи мошингузарро зикр кардаанд.

XS
SM
MD
LG