Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи англисидонии узбекистониҳоро "хеле паст" баҳо доданд


Донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар раддабандии сатҳи англисидонии EF English Proficiency Index Узбекистон соли ҷорӣ аз миёни 122 кишвар дар мақоми 88 қарор гирифтааст. Ин нишон медиҳад, ки сатҳи англисидонӣ дар Узбекистон дар як соли охир тағйир накардааст.

Бино ба раддабандӣ, Узбекистон миёни Албания ва Сурия ҷой гирифта, дар миёни кишварҳои донандаи сатҳи пасти забони англисӣ мондааст. Раддабандӣ аз 5 банд - "хеле олӣ", "олӣ", "миёна" "паст", "хеле паст" иборат аст.

Дар раддаҳои аввал Ҳолланд, Австрия, Дания ва Норвегия қарор гирифтаанд, ки аҳолии ин кишварҳо дар сатҳи "хеле олӣ" забони англисиро медонистаанд. Дар поёни раддабандӣ Либия, Руанда, Конго, Судони Ҷанубӣ ва Яман қарор гирифтаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар мақоми 96, Қирғизистон дар мақоми 101, Тоҷикистон дар мақоми 103 ҷо доранд. Туркманистон ба ин раддабандӣ шомил нашудааст.

Пажуҳиш ҳамчунин нишон додааст, ки дар саросари дунё сатҳи англисидонӣ миёни одамони аз 30-сола боло афзудааст.

XS
SM
MD
LG