Бар пояи гузоришҳои расида, садри аъзами Олмон, Ангела Меркел, рӯзи 15-уми ноябр бо ҳокими худкомаи Беларус Александр Лукашенко музокироти буҳронӣ доир намуд.
Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар робита бо буҳрони муҳоҷирон дар марзи шарқии ин Иттиҳод бахши навбатии таҳрими Минскро баррасӣ доранд.
Полша ё Лаҳистон ҳушдор додааст, ки муҳоҷирон бо наздикшавӣ ба марз баҳси дипломатиро амиқтар мекунанд. Ҳазорҳо нафар дар шароити тоқатфарсо дар марзи Беларус бо Полша хайма зада, кӯшиш доранд, ба хоки Иттиҳоди Аврупо ворид шаванд.
Иттиҳоди Аврупо Лукашенкоро бо фароҳам овардани шароити интиқоли ҳавоии муҳоҷирон ба Беларус ва фиристодани онҳо ба марзи Иттиҳоди Аврупо муттаҳам мекунад.
Соли гузашта Иттиҳоди Аврупо дар робита бо интихоботи баҳсбарангези президенти Беларус ба муқобили Минск таҳрим ҷорӣ кард. Рӯзи 15-уми ноябр вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо таҳримро тавсеа бахшида, ба он ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ ва як идда мансабдоронро шомил карданд.
Ҳамчунон вазирон мувофиқат кардаанд, ки ба зудӣ бастаи панҷуми таҳрими Минск эълон хоҳад шуд, ки бар пояи он суратҳисобҳои бонкии баъзе афрод ҳабс шуда, аз имкони сафар ба Иттиҳоди Аврупо маҳрум хоҳанд шуд.