Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 муҳоҷири узбекистонӣ дар сӯхтори вилояти Маскав


Сӯхтор дар Маскав. Акс аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия
Сӯхтор дар Маскав. Акс аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия

Дар натиҷаи сӯхтор дар яке аз сохтмонҳои ноҳияи Солнечногорскийи вилояти Маскав чаҳор кас ҷон бохтаанд.

Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, дар сӯхтор ду нафари дигар низ осеб дидаанд. "Сӯхтор наздикии соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, соати 15:40 пурра хомӯш карда шуд", - афзуд манбаъ.

Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи сӯхтори мазкур шаҳрвандони ин кишвар Ш.А., соли таваллудаш 1969, Э.У. (1998), Ш.К. (1987) ва А.Р. (1998) ба ҳалокат расидаанд.

"Вазъ зери назорат қарор дошта, барои интиқоли ҷасади ҳалокшудаҳо ба Узбекистон чораҳо андешида мешавад", - омадааст дар иттилоияи Оҷонси муҳоҷирати Узбекистон.

XS
SM
MD
LG