Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти куштани журналисти афғонро ба дӯш гирифт


Ҳамид Сайғонӣ, журналисти маъруфи телевизиони "Ориёно"-и Афғонистон буд
Ҳамид Сайғонӣ, журналисти маъруфи телевизиони "Ориёно"-и Афғонистон буд

Шохаи “Хуросон”-и гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти таркиши мусофирбарро дар маҳаллаи шианишини Кобул ба дӯш гирифт.

Дар ин ҳодиса, рӯзи 13-уми ноябр, Ҳамид Сайғонӣ, хабарнигори маъруфи телевизиони “Ориёно”-и Афғонистон кушта шуд.

Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 14-уми ноябр тавассути Телеграм иддао кард, ки “20 муртади шиа”-ро кушта ва захмӣ намудааст.

Маркази журналистони Афғонистон чанд соат баъди таркиш дар маҳаллаи Дашти Барчӣ гуфт, дар ин ҳодиса журналист Ҳамид Сайғонӣ кушта шуд.

Ҳамсари ин журналисти маъруф ҳам дар як навиштае дар Фейсбук куштори шавҳарашро тасдиқ кард ва гуфт, “ман Ҳамидро аз даст додам”.

XS
SM
MD
LG