Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати "Moderna" бо мақомоти амрикоӣ даъво дорад


Ваксинаи "Модерна".
Ваксинаи "Модерна".

Институти миллии амрикоӣ дар бахши ҳифзи тандурустӣ ва ширкати дорусозии "Moderna" сари масъалаи сохтани ваксинаи зидди COVID-19 даъво доранд. Даъвони Институт бо ширкат сари ҳаққи муаллифӣ аст. Натиҷаи баҳси ду ҷониб барои ваксинаи "Moderna" сарнавиштсоз хоҳад буд, менависад нашрияи New York Times.

"Moderna" ҳамчун созандаи ваксина аз чанд кормандаш ном бурдааст. Институти ҳифзи тандурустӣ талаб дорад, се олими ин ниҳод ба ҳайси созандагони ваксина зикр шаванд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони ширкати "Moderna" болои ваксина кор кардаанд.

Баъди паҳн шудани коронавируси навъи нав дар охири соли 2019 ширкати "Moderna" дар якҷоягӣ бо Институти ҳифзи тандурустӣ дар садади сохтани ваксина шуданд. Ҳукумати ИМА барои ин тарҳ наздики 1,5 миллиард доллар ҷудо кард ва ҳам бо қимати 8 миллиард доллар аз ширкат ваксина харид.

Дар сурате, ки агар олимони Институти ҳифзи тандурустии ИМА ҳамчун ҳаммуаллифони ваксина эътироф шаванд, истеҳсоли ваксинаи "Moderna" дар кишварҳои дорои даромади кам ба роҳ монда ва бо қимати нисбатан арзонтар фурӯхта хоҳад шуд. Мунтақидон мегӯянд, "Moderna" аз фурӯши ваксина то ин замон 35 миллиард доллар даромад дидааст ва аз фурӯши ваксина ба кишварҳои дар ҳоли рушд бо қимати арзонтар худдорӣ меварзад.

XS
SM
MD
LG