Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон 60 танки нав мефиристад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

То охири ҳамин сол Русия ба пойгоҳи низомии 201- ум дар Тоҷикистон 60 адад танкҳои нав мефиристад.

Ба гуфтаи фармондеҳи Округи марказии низомии Русия, нахустин қатори танкҳои нав ҳамин моҳ ба Тоҷикистон расонида мешавад. Қаблан ин пойгоҳи низомӣ аз Русия мошинҳои зиреҳпӯши "Патрул" ва "Есаул" дарёфт карда буд.

Пойгоҳи 201-ум бо 7 ҳазор низомиаш калонтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, бар асоси созиши ду кишвар то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон мемонад.

Русияву Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, яке аз вазифаҳои пойгоҳи 201-ум, мусоидат ба Тоҷикистон дар ҳолати сар задани таҳдиди низомӣ аз берун мебошад.

Бо вусъат ёфтани ишғолгариҳои “Толибон” дар Афғонистон, мақомоти низомии Русия таъкид мекунанд, ки ин гурӯҳи тундрав ваъда додааст, берун аз марзи Афғонистон, аз ҷумла, ба хоки кишварҳои ҳампаймони Русия ҳамла намекунанд.

XS
SM
MD
LG