Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Президенти Узбекистон давоми ҳафта ба Туркия меравад


Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзҳои охири ҳафта ба Туркия меравад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ доданд.

Мирзиёев дар Туркия дар нишасти навбатии Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон рӯзи 12-уми ноябр дар шаҳри Истанбул ширкат хоҳад кард.

Дар ин саммит ширкати президентҳои Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва сарвазири Венгрия низ дар назар аст.

Саммити мазкур ба масоили амният, сиёсат, иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва ҳамкориҳои иҷтимоии кишварҳои мазкур бахшида мешавад. Дар ин нишаст унвони "Шӯро" ба "Созмон" табдил дода хоҳад шуд, менависад сомонаи Qalampir.uz.

XS
SM
MD
LG