Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пуштамро зер кард, сарамро газид." Парвиншо гуфт, ки чӣ гуна хирс ба ӯ ҳамла кард. ВИДЕО


Парвиншо дар бемористон муолиҷа мегирад
Парвиншо дар бемористон муолиҷа мегирад

Як наврас аз ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон нақл кард, ки чӣ гуна бист рӯз пеш хирс ба ӯ ҳамла кард ва сару пушташро захмӣ намуд. Парвиншо Муҳаббатови чордаҳсола ҳоло дар шаҳраки "Шифобахш", бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе, муолиҷа мегирад. Пизишкон вазъи саломати ӯро хуб арзёбӣ карданд.

Чӣ шуд?

"Дар ҷангал ҳезум ҷамъ меовардем, ки ногаҳон хирс пайдо шуд. Ҳангоми гурехтан ба замин афтодам. Хирс омаду пуштамро сахт зер кард. Бо даҳонаш сарамро газид. Ҳамроҳонам ва муаллимон дод зада, маро аз дасти хирс халос карда, ба деҳа ва аз онҷо ба маркази ноҳия бурданд", -- нақл кард Парвиншо рӯзи 9-уми ноябр.

Ҳамлаи хирс ба Парвиншо дар ҷангали "Ғумаст"-и ноҳияи Ванҷ рӯзи 19-уми октябри имсол иттифоқ уфтод. Дар ин ҳодиса муаллим Рамазон Синонов низ захм бардошт.

Ба нақли Парвиншо Муҳаббатов, амакаш Рамазон Синонов пас аз он ки ӯро халос кард, хостааст, наврасони дигарро низ аз ҷангал барорад, вале худ ба дасти хирс афтодааст. "Ӯро бо "бензопила" халос кардаанд", -- нақл кард Парвиншо.

Муаллим Рамазон Синонов, ки ҳамзамон амаки Парвиншо аст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло захмҳояш пурра беҳбуд ёфтаанд. Вай рӯзи ҳодисаро чунин ба ёд овард:

"Тақрибан даҳ кас ба ҷамъоварии ҳезум ба "Ғумаст" рафтем. Калонсолон бо табару арра ба буридани дарахт машғул будем. Хирсе безобита шуда, ба се хурдсол ҳамла кард. Чашмам ба Парвиншо афтид, ки зери пои хирс дод мезад. Давида омадам ва бо дастонам даҳонашро аз тани Парвиншо ҷудо кардам. Дигарон ҳам бо чӯб ва ҳар чизе доштанд, ба хирс заданд ва ӯ гурехт. Парвини хунолудро бо мошин ба беморхона овардем."

Рӯзе, ки Парвиншо бо омӯзгорону чанде аз рафиқонаш ба ҷамъоварии ҳезум рафтаанд, сешанбеи 19-уми октябр, яъне рӯзи корӣ буд. Дар посух ба ин суол, ки онҳо пас аз анҷоми дарс ба ҷангал рафта буданд ё не, яке аз наздиконаш гуфт, "он рӯз ғайрикорӣ эълон шуда буд ва онҳо ба ҳашар рафтанд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Хирс пояшро ба пуштам гузошт ва сарамро газид". Қиссаи навраси ванҷӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Пизишк: Устухони пушти сараш шикастааст

Пизишкони бемористони "Шифобахш", маъруф бо Қарияи Боло, Парвиншоро ҷарроҳӣ карданд ва ҳоло вазъи ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд. Дӯстмурод Тӯраев, табиби беморхона, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ташхис нишон додааст, ки аз тарафи чап устухони пушти сараш шикастааст.

Дӯстмурод Тӯраев
Дӯстмурод Тӯраев

"Ташхиси томографии компютерӣ гузаронидем. Дар он шикасти комбритсионӣ, устухони паси сар аз тарафи чап мушоҳида карда мешавад. Бемор фавран ҷарроҳӣ карда шуд. Устухони порашуда ва майнаи сар тоза карда шуданд. Айни ҳол вазъияти бемор нисбатан қаноатбахш аст", -- шарҳ дод духтур.

Вай таъкид кард, ки ҷарроҳии наврас ҳудуди ду соат идома ёфта, ҳамчунин дар қисмати пушташ пайи чанголи хирс намудор аст.

Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст. Ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон, низ чанд бор ба сокинон дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳамла карда, дар баъзе маврид боис ба марги онҳо гаштаанд.

Соли гузашта дар деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим як бабр вориди оғили сокинон шуда, 33 чорвои мардумро кушт ва захмӣ кард. Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфтанд, гуноҳи сокинон аст, ки чорвои худро дар маҳалли гаштугузори ҷонварон мечаронанд ва хашми онҳоро меоранд. Мардум чунин арзёбиро беасос дониста, таъкид мекунанд, ки ҳамлаи ҷонварон бештар аз гуруснагӣ аст.

XS
SM
MD
LG