Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз дасти хукҳо ба дод омадем" ВИДЕО


Бо зиёдшавии саршумори хуки ёбоӣ дар ҷангалзорҳои минтақаи Кӯлоб ҳамла ба киштзорҳои мардум ва худи онҳо афзудааст. Чандин нафар аз захми дандонҳои ашки ҷонварони ваҳшӣ маҷрӯҳ ва маъюб гардиданд. Хукҳои ваҳшӣ дар гузашта низ бедодгарӣ мекарданд, аммо ду соли ахир зиёдтару густохтар шудаанд. Маҳдудият дар шикори хуки ваҳшӣ сабаби афзоиши ин алафхорон гардидааст.

Зиёне, ки хуки ваҳшӣ ба гандуму картошка ва ҷуворимакка мерасонад, бо даромаде, ки аз шикор ба даст меояд, қобили муқоиса нест. Кишоварзон метавонанд аз роҳи иҷозати шикор дар заминҳояшон ҳам саршумори хукҳоро танзим кунанд ва ҳам фоидаи пулӣ ба даст оранд.

Мақомоти идораи хоҷагии ҷангал мегӯянд, дар ин шароит маҷбур шуданд, ки маҳдудияти шикори хуки ваҳширо аз байн бибаранд. Аз рӯйи ҳисобҳои тахминӣ, саршумори хуки ваҳшӣ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 5 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҷонваре, ки соле то 12 фарзанд таваллуд мекунад, дар ҷангал ба сар мебарад, аммо дар ин охирҳо ҳуҷумаш ба заминҳои гандум ва картошка зиёд шудааст.

Мираҳмад Давлатов, сардори Идораи хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб, рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи омори онҳо дар минтақа 18 ҳазор ҷонвари ваҳшӣ сабт шудааст ва беш аз чоряки он ё 5 ҳазору 237 сараш хуки ваҳшист. Ӯ гуфт, "хук беш аз ҷонварони дигар мардумро ба дод овардааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, шикори онро ба сокинон иҷозат додем".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Аз дасти хукҳо ба дод омадем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:26 0:00

Деҳқонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ки ҳанӯз аз иҷозати шикори хук бехабаранд, мегӯянд, ҳодисаҳои ҳамлаи хук ба зироати онҳо назар ба солҳои қаблӣ бештар мушоҳида мешавад. Шариф Назиров, як сокини Деҳи Қозии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҷбур шудааст, ба хотири ҳимоят аз ҳосили картошкааш ҳамроҳ бо саг шабро дар замини полез рӯз кунад. Ӯ гуфт, ду шабе, ки ба саҳро барои назорат набаромад, полезаш хисороти зиёд дид.

“Нахудро, ки пошидӣ, то посбонӣ накунӣ, аз дасти хук донаи он дар замин намемонад. Ҳатто ҳангоми ҳосил бо хукҳо ҷанг карда, ҷамъ меоварӣ. Ду шабе, ки дар сари замин набудам, қариб аз ҳосили коштаам чизе намонд”, - гуфт Шариф Назиров.

Шариф Назиров
Шариф Назиров

Дар Тоҷикистон шикори ғайриқонунии ҷонварон манъ аст. Соли гузашта барои шикори ғайриқонунии хук ва гург дар минтақаи Кӯлоб 21 нафар ҷарима шудаанд. Ҳаҷми ҷарима барои куштори хук аз 80 то 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Сокинон мегӯянд, агар хуки ваҳшӣ шикор ва аз ин тариқ кам нашавад, аз ҳамлаи ин ҳайвони ваҳшӣ инсонҳо ҳам осеб мебинанд. Мардуми ин рустоҳо аз тарси хук намегузоранд, ки бачаҳояшон дуртар аз хона ва ба дашт бираванд. Тарсашон бедалел нест, чун Раҳим Ҳамидов, сокини деҳаи Хушка Сангоби ноҳия як сол аст, ки ранҷи ҳамлаи хуки ваҳширо мекашад. Ӯ ҳангоми дарав тасодуфан ба ҷонвари ваҳшӣ рӯ ба рӯ шуд.

"Соли гузашта барои коҳ рафтем. Аз пуштам зад, поямро газид. Касе ҷуръат намекард, ки маро халос кунад. Дар охир писарам бо шохин хукро зад. Дигар аз тарс кӯдаконро бидуни назорат ба берун рафтан намемонем", - афзуд мусоҳиби мо.

Раҳим Ҳамидов
Раҳим Ҳамидов

Дар ҳамин ҳол, табиатшиносон мегӯянд, афзоиши саршумори хукҳои ваҳшӣ дар табиати кишвар метавонад натиҷаи манъи шикор ва ҳам парҳез кардани сокинони аксар мусалмони Тоҷикистон аз истеъмоли гӯшти ин ҷонвар бошад. Дар гузашта аксар шикорчиҳои рустабор ё масеҳӣ ба шикори хук таваҷҷӯҳ доштанд.

Рустам Муродов, раиси шӯъбаи экологияи Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, гуфт, хуки ваҳшӣ мисли ҳар ҷонвари дигар дар табиат вазифаҳои худро иҷро мекунад ва дар баробари ҷонвари хатарноку гоҳо зиёновар буданаш, барои инсон манфиат ҳам дорад. Дар сурати зиёд будани шумори хуки ваҳшӣ ҷонварҳои даррандаи дигари мисли гургу хирс аз ҳисоби ин ҷонвар ғизои худро таъмин карда, ба ҷонварҳои хонагӣ ҳамла намекунанд. “Дар сурати хароб шудани баланс ё тавозун дар табиат, даррандаҳо ба рамаву чорвои мардум ҳамла мекунанд”, - гуфт ӯ.

Азбаски мардуми мусулмони Тоҷикистон аз хӯрдани гӯшти он парҳез мекунанд, лағви маҳдудият ҳам натиҷа надодааст. Табиатшиносону деҳқонон мегӯянд, боз кардани роҳи сайёҳон ва шикорчиёни хориҷӣ ба ноҳия мумкин аст, мушкилро ҳал кунад. Иҷозанома барои шикори хуки ваҳшӣ то дуним ҳазор доллар аст.

Зимнан, ба гуфтаи Рустам Муродов, солҳои охир дар тамоми қаламравҳои Тоҷикистон афзоиши саршумори хирс ҳам мушоҳида мешавад, ки баёнгари мусоид будани шароити табиии Тоҷикистон барои афзоиши саршумори ин ҷонварон мебошад.

XS
SM
MD
LG