Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз 20 рӯзноманигор дар Қирғизистон мехоҳанд, вакили порлумон шаванд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон.

Дар Қирғизистон бештар аз 20 рӯзноманигор барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ба ҳайси номзад ба мақоми вакилии порлумон ҳуҷҷат супоридаанд.

Қисми аз онҳо шомили рӯйхати ҳизбӣ шудаву қисми дигар ба ҳайси номзади мустақил мехоҳанд, дар интихобот ширкат кунанд. Миёни рӯзноманигорони номзад ба мақоми вакилӣ таҳқиқгарони маъруф ҳам ҳастан, муаллифони мақолаву гузоришҳои пуровоза ҳам.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, вуруди рӯзноманигорон ба порлумон дар ҳифзи озодии баён дар Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон 28 ноябр дар назар дошта шудааст.

Маъракаи интихоботӣ дар он кишвар 29 октябр шуруъ шуд. Барои 90 курсии порлумон 21 ҳизби сиёсӣ ва 321 номзади худпешбар мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG