Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷони сарвазири Ироқ сӯиқасд карданд


Мустафо ал-Козимӣ, сарвазири Ироқ
Мустафо ал-Козимӣ, сарвазири Ироқ

Ба ҷони Мустафо ал-Козимӣ, сарвазири Ироқ сӯиқасд анҷом доданд, вале ӯ зинда монд.

Дафтари сарвазири Ироқ хабар дод, ки субҳи рӯзи 7-уми ноябр аз тариқи ҳавопаймои бесарнишин, ки дар дохилаш маводи тарканда ҷойсозӣ шуда буд, ба қароргоҳи сарвазир дар Бағдод ҳамла карданд. Ҳамчунин ба қароргоҳи сарвазир чанд ҳамлаи мушакӣ низ сурат гирифтааст.

Дар натиҷаи инфиҷор нигаҳбонони сарвазир ҷон бохтаанд. Худи ӯ дар ин ҳамла зиён надидааст ва дар телевизиони давлатӣ мардумро ба оромӣ даъват кард.

Ҳамла дар пасманзари эътирози нерӯҳои сиёсии ҷонибдори Эрон рух дод. Онҳо аз интихоботи охири порлумонӣ дар Ироқ норозӣ ҳастанд ва ҳафтаҳо боз эътироз мекунанд.

XS
SM
MD
LG